Central AsianResearch Index

ТАҚСИМКУНИИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ НИЗОМИ ХАЗИНАДОРӢ

Низоми хазинадории иҷрои буҷети давлатӣ дар низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар раванди буҷетӣ мавқеи муҳим дорад, зеро асоси фаъолияти давлат ва иҷрои муносиби вазифаҳои он воридшавии пурраи даромадҳо ба буҷет ва тақсимкунии дурусти онҳо тавассути анҷом додани амалиёт оид ба харҷкунии маблағҳои буҷетӣ мебошад. Вобаста ба ин, таҳқиқ ва арзёбии раванди ташкили тақсимкунии маблағҳои буҷети давлатӣ тавассути низоми хазинадорӣ масъалаи хеле мубрам дар раванди иҷрои хароҷоти буҷет мебошад. Дар мақолаи мазкур масъалаҳои ташкили раванди воридшавии даромадҳои буҷет ва сафарбар кардани онҳо ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ барои таъмини фаъолияти муносиби онҳо тавассути низоми хазинадорӣ баррасӣ мешаванд. Дар аввал раванди таҳаввули низоми хазинадорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ карда шуда, хусусиятҳои фаъолияти он арзёбӣ карда мешаванд. Ба масъалаҳои тақсимкунии маблағҳои буҷети давлатӣ тавассути низоми хазинадорӣ , маблағгузории харидории захираҳои молию моддӣ, ташкил ва гузаронидани раванди тендерӣ диққати бештар дода шудааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 1 (44)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет