Central AsianResearch Index

ТАҶРИБАИ ТАРМИМ ВА ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақолаи мазкур сухан асосан дар бораи таҷрибаи Тоҷикистон дар самти тармим ва ҳифз намудани ёдгориҳои бостонӣ меравад. Муаллиф дар ибтидои мақола таҷрибаи Тоҷикистонро дар ин самт ба ду марҳала ҷудо намуда, сипас ҳар ду марҳаларо дар алоҳидагӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор додааст. Чи тавре аз мазмуни мақола маълум мегардад, дар марҳалаи аввал ё худ замони Шуравӣ бештар ба тармим намудан ва ҳифз кардани ёдгориҳои бостонии манқул таваҷҷуҳ зоҳир мегардид. Дар мақола кӯшиш ба харҷ рафтааст, ки бо овардани мисолҳо ва намунаҳо ин нукта собит гардад. Баъд аз таҳлили марҳалаи аввал ва нишон додани дастовардҳову камбудиҳои он, муаллиф ба инъикоси таҷрибаи Тоҷикистонро дар самти ҳифзи ёдгориҳо дар замони Истиқлол пардохтааст. Таҳлил ва омӯзиши таҷриба дар ин давра низ, бо нишон додани мисолҳо ва лоиҳаҳои анҷомёфта сурат гирифтааст. Баъд аз ин муаллиф бо такя ба мисолҳои овардашуда, ҳар ду марҳаларо қиёс намуда, фарқиятҳои онҳоро баён менамояд. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ёдгориҳо афзуд ва якчанд лоиҳаҳо низ амалӣ карда шуданд. Инчунин, дар мақола якчанд методҳо ва усулҳои тармим кардани ёдгориҳои бостонӣ зикр гардидаанд ва гуфта мешавад, ки дар тармим кардани ёдгориҳои бостонӣ ба масолеҳе ки ёдгорӣ аз он бино ёфтааст, шароити муҳити зист ва таъсири боду борон таваҷҷуҳи махсус дода шавад.

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2025 · № 1 (41)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА