ТАҶРИБАИ САРМОЯГУЗОРӢ БА РУШДИ ИНФРАСОХТОР ДАР ЯК ҚАТОР КИШВАРҲОИ ҶАҲОН
Мақолаи илмии мазкур хусусияти таҳлилӣ дошта, дар он оид ба таҷрибаи як қатор мамлакатҳо дар самти такмили сармоягузорӣ ба рушди инфрасохтор, аз ҷумла инфрасохтори сайёҳӣ аз нигоҳи илмӣ баҳогузорӣ карда шудааст. Дар ҷараёни таҳқиқот аслан давлатҳое мавриди назар қарор гирифтаанд, ки дар самти иқтисодӣ ва бахши сайёҳӣ дастовардҳои беназирро соҳиб гаштаанд. Дар мақола, инчунин, динамикаи сармоягузорӣ ба инфрасохтор дар кишварҳои ҷаҳон оварда шуда, асоснок карда шудааст, ки яке аз самтҳои асосии рушди иқтисодӣ ин сармоягузорӣ ба инфрасохтор ба ҳисоб меравад. 140 Дар қисмати охир дар асоси таҳлили таҷрибаи мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар соҳаи сармоягузорӣ ба инфрасохтор хулосаҳо ва пешниҳодҳо дар ин самт гурўҳбандӣ карда шудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 3 (27)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет