ТАҶРИБАИ МАМЛАКАТҲОИ МУТАРАҚҚӢ ДАР РУШДИ ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ
Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ масъалаи афзоиши шуғли аҳолӣ , бахусус шуғли пурмаҳсул дар бозори номукаммали меҳнат вазифаи аввалиндараҷаи стратегии иҷтимоию иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Он ҳамчун ҷузъи таркибии иқтидори инсонӣ дар ташаккул ва рушди соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакат нақши калидӣ дошта, баландбардории сатҳи рақобатпазирии қувваҳои истеҳсолкунандаро таъмин менамояд ва ба истифодаи самараноки онҳо мусоидат намояд. Аз ин нуқтаи назар ташаккул ва рушди бозори меҳнат дар ҳар як кишвар мураккаб ва душвор мебошад. Зеро ба вазъи он ҳамзамон ҳам сиёсати иқтисодӣ ва ҳам сиёсати иҷтимоии мамлакат таъсири ҷиддӣ дорад. Аз ин лиҳоз дар навбати аввал зарурати таҳқиқи хусусиятҳои хоси сиёсати шуғли аҳолии дар минтақаҳои ҷаҳон, дар кишварҳои алоҳида ба миён меояд, ки дар баъзе иқтисодиётҳои миллӣ то ҳол модели бозори меҳнати алоҳида ба миён омадааст. Дар ин асос гуфтан мумкин аст, ки дар кишварҳои алоҳида дар ҳақиқат низоми тайер намудани кадрҳо ва баланд бардоштани ихтисоснокии кормандон¸ баланд бардоштани касбият, танзими муносибатҳои меҳнатӣ , ишғол намудани ҷойҳои холӣ ва муносибатҳо оид ба муҳити корӣ дар давлатҳои гуногун аз ҳамдигар фарқ мекунад. Аз ин лиҳоз моделҳои миллии бозори меҳнати гуногун дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф карда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 2 (41)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет