ТАҶРИБАИ ХОРИҶИИ ТАШКИЛ ВА ИДОРАКУНИИ СОҲИБКОРИИ МУШТАРАК
Дар мақолаи мазкур таҷрибаи хориҷии ташкил ва идоракунии соҳибкории муштарак дар заминаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ дар соҳаи таъсиси шарикии соҳибкорӣ ба таври мушаххас ва васеъ омўхта шудааст. Муаллиф дар мақола сараввал дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ тасдиқ намуда, ташкили фаъолияти соҳибкории муштаракро дар заминаи таъсиси корхонаҳои муосири муштараки мамлакатҳои муваффақ мавриди таҳқиқ қарор додааст. Муаллиф усулњои гуногуни идоракунии соҳибкории муштаракро дар кишварҳои пешрафта мавриди омӯзиш қарор дода, масъалаҳои асосии онро аз замири додани ваколатњо, муқаррар намудани қоидаю расмиёт, истифодаи воситањои махсуси бањодињии самараноки корхонањои муштарак пешниҳод намудааст. Муаллиф аломатҳои ташкили корхонаи муштаракро мутобиқи таҷрибаи давлатҳои пешрафта муқаррар намуда, ба он ақида омадааст, ки соњибкории миллї низ иштирокчии корхонаи муштарак буда, фаъолияти он тибқи санадњои ќонунгузории кишварҳои иштирокчӣ танзим шуда, созишномањои асосии байналмилалї ва байнидавлатие, ки фаъолияти корхонањои муштаракро дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ танзим менамояд, яке аз асосњои ташкили соҳибкории муштарак ба шумор рафта, хусусиятҳои таъсис ва фаъолияти онҳоро дар ҳама кишварҳо на танҳо аз рӯи фаъолияти иқтисодӣ, балки аз рӯи муносибатҳои беруние, ки бо дипломатияи муассири баландпоя такомул ёфтаанд, муайян менамояд. Ҳамзамон, аз ҷониби муаллиф бархе аз намудҳои гуногуни созишномаҳои корхонаҳои муштарак , фаъолияти корхонаҳои муштараки хориҷии самарабахш ва намудњои минтаќањои махсуси иќтисодии кишварњои гуногуни пешрафта мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо муқаррар намудани омилҳои рушди муҳити берунии соҳибкории байналмилалӣ ва дар заминаи омӯзиши таҷрибаи онҳо, роҳҳои муосири ташкил ва идоракунии соҳибкории муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 4.2 (39)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет