Central AsianResearch Index

ТАҶРИБАИ ХОРИҶИИ РУШДИ СОҲИБКОРИИ ИҶТИМОӢ

Дар мақолаи мазкур яке аз шаклҳои муосири соҳибкорӣ, яъне соҳибкории иҷтимоӣ ва таҷрибаи хориҷии кишварҳои пешсаф дар ин самт баррасӣ гардидаст. Соҳибкории иҷтимоӣ дар ҳалли масоили иҷтимоӣ нақши муҳим дошта, механизми роҳи ҳалли тиҷории чунин мушкилот ҳисоб меёбад ва ҳамчун институти ҷамъиятӣ, ки метавонад мушкилоти иҷтимоиро самаранок ҳал намояд, шинохта мешавад. Вобаста ба таҳлилҳои гузаронидаи созмонҳои байналмилалӣ кишварҳое, ки шароити беҳтарин барои рушди ин шакли соҳибкорӣ доранд, муайян шуда, самтҳои афзалиятноки соҳибкории иҷтимоӣ нишон дода шудааст. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ин шакли соҳибкорӣ бо як қатор меъёрҳои муайян шинохта шуда, фаъолият менамояд. Аз ин рў, ҳадафи мақола баррасии тамоюлҳои ташаккул ва рушди ин шакли соҳибкорӣ дар кишварҳои хориҷа мебошад ва дар асоси маълумотҳои мавҷуда мауаллиф соҳаҳои афзалиятноки онро нишон додааст. Мушкилоти аҳамияти иҷтимоидошта вобаста ба афзоиши талаботи аҳолӣ маҳаки фаъолияти соҳибкории иҷтимоӣ боқӣ мемонад.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 3 (27)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет