ТАҶРИБАИ ХОРИҶИИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ КОРХОНАҲОИ САНОАТИ МАСОЛЕҲИ СОХТМОН
Таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ оид ба рушди инноватсионии корхонаҳои саноати маҳсулоти сохтмон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Зикр шудааст, ки дар шароити тақвиятёбии рақобати ҷаҳонӣ ва гузариш ба иқтисодиёти сабз рушди инноватсионии саноати масолеҳи сохтмон яке аз самтҳои асосии сиёсати саноатии давлат мегардад. Дар асоси таҳқиқоти муосири иқтисоди инноватсионӣ таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ вобаста ба рушди соҳаи масолеҳи сохтмон аз рӯи хусусиятҳои институтсионалӣ, ташкилию идоракунӣ ва молиявию сармоягузорӣ гурӯҳбандӣ шудааст. Таҷрибаи давлатҳои Иттиҳодияи Аврупо, ИМА, Туркия, Чин, Ҷопон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Таҳлили муқоисавии таҷрибаи Туркия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ шудааст. Хулоса шудааст, ки рушди инноватсионӣ танҳо дар ҳолати ҳузури сиёсати муассири давлатӣ имконпазир аст. Таъкид гардидааст, ки низоми ягонаи “инноватсияи устувор”, ки ба чаҳоргонаи зерин асос меёбад, дар Тоҷикистон намунаи қобили мутобиқсозӣ мебошад: сиёсати муассири давлатӣ ва институтсионалӣ, ҳамгироии илм ва истеҳсолот , муҳити молиявии мусоид, ҳадафҳои экологию рақамӣ.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 106, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП