ТАҶРИБАИ ХОРИҶИИ РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ДАР ДОИРАИ СИЁСАТИ ВОРИДОТИВАЗКУНАНДА
Дар мақоллаи мазкур таҷрибаи хориҷии рушди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар доираи сиёсати воридотивазкунанда таҳлил гардидааст. Инкишофи низомҳои иқтисодӣ дар амалияи ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки бартараф намудани ҳар як шакли буҳрон ва оқибатҳои он бе дахолати фаъоли давлат ғайриимкон аст. Бояд қайд намуд, ки дараҷаи чунин дахолат, пеш аз ҳама аз стаҳи мушкилотҳои ба миён омада са сабабҳои он вобастагӣ дорад. Ба воситаи усули сабабӣ-оқибатӣ муайян намудани сабабҳои сар задани буҳрони трансформатсионии ноистеҳсолкунӣ муайян шуданаш мумкин аст. Алоқаи сабабӣ-оқибатии буҳрони трансформатсионӣ ва оқибатҳои он дар шакли бекории сиклии тӯлонӣ, боздоштшавии бахши истеҳсолӣ, деформатсияи сохтори хоҷагии миллӣ ба тарафи ғайрииндустриявӣ, сатҳи пасти даромади аҳолӣ , муҳоҷирати ногузири қисми зиёди захираҳои меҳнатӣ, дараҷаи баланди вобастагии воридотӣ ва ғайраҳо, зарурати амалигардонии маҷмӯи чораҳоро дар назар дорад, ки бо сиёсати иқтисодӣ ва нақши танзимкунии давлат алоқаманданд. Дар охир аз тарафи муаллиф як қатор таклифу хулосаҳо пешниҳод гардидааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 4.1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет