Central AsianResearch Index

ТАҶРИБАИ ХОРИҶИИ ИСЛОҲОТИ БОЗОРИ САВДОИ НЕРУИ БАРҚ

Электроэнергетика дар иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои появӣ ба шумор меравад. Аз вазъи электроэнергетика рушди тамоми дигар соҳаҳои иқтисодиёт вобаста мебошад. Бинобар ин, дар шароити муосири иқтисодиёт, ки бо равандҳои ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии иқтисодии байналмилалӣ ҳамрадиф аст, роҳандозӣ намудани ислоҳот дар соҳаи электроэнергетикаи миллӣ масъалаи мубрам мебошад. Барои роҳандозӣ намудани ислоҳоти куллӣ ва босамар дар низоми электроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши таҷрибаи хориҷии ташаккул ва рушди бозори савдои неруи барқ аҳамияти муҳими назариявӣ ва амалӣ дорад. Мақола ба таҳқиқи равандҳои ислоҳоти низоми электроэнергетикии мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ИМА, мамлакатҳои минтақаи Скандинавия, Россия, Қазоқистон, Узбекистон бахшида шудааст. Диққати асосӣ ба ислоҳоти низомҳои электроэнергетикии ИМА (буҳрони электроэнергетикии Калифорния), таҳқиқи хусусиятҳои амалкунии бозори савдои неруи барқи мамлакатҳои Скандинавия равона гардидааст. Бартариҳо ва камбудиҳои фаъолияти ширкатҳои ба таври амудӣ ҳамгирошуда дар шароити монополияи табиӣ дар электроэнергетика ошкор ва таҳқиқ карда шудаанд. Қайд карда шудааст, ки ҳамгирошавии амудӣ дар асарҳои илмии таҳқиқшуда чун шакли баланди ташкили истеҳсоли неруи барқ муаррифӣ карда шудааст. Мамлакатҳое, ки самти рушди сохторҳои ба таври амудӣ ҳамгирошударо дар электроэнергетика пеш гирифтаанд, ба гурӯҳи мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта дохил шудаанд. Муаллиф самтҳои асосӣ ва натиҷаҳои ислоҳоти соҳаи электроэнергетикаро дар мамлакатҳои хориҷӣ таҳлил намуда, ҷиҳатҳои мақбули онро муайян ва барои амалисозӣ дар раванди ислоҳоти низоми миллии электроэнергетикӣ тавсия ва пешниҳодҳои дахлдор таҳия намудааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 1 (35)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет