ТАҶРИБАИ ХОРИҶИИ ИДОРАКУНИИ ПАРТОВ ҲАМЧУН САМТИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар ҷомеаи муосир масъалаи зиёдшавии рӯзафзуни партови маишӣ , ки ба ҳифзи муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад, хеле ташвишовар аст. Масъалаҳои ҳифзи муҳити зист хусусияти умумибашарӣ дошта, ифлосшавии тулонии муҳити зист бо партовҳои гуногун ба таназзули табиат оварда расонида истодааст. Солҳои пеш масъалаи мазкур танҳо ба давлатҳои пешрафта хос буданд. Аммо ин кишварҳо дар самти сарфакорӣ ва экологизатсияи ҷараёнҳои технологию рӯзгорӣ, безараргардонии партов , навъбандӣ ва коркардаи такрории он корҳои зиедеро анҷом доданд. Зикр шудааст, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ, принсипҳои экологӣ-иқтисодии хоҷагидорӣ ва идоракунии оқилонаи партов дар кишвари мо аҳаммияти махсус пайдо мекунанд, зеро. дар баробаримуҳим будани онҳо дар самти ҳифзи табиат ин тадбирҳо ҳам ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳам ба сарфаи назарраси захираҳо мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, ба таҷрибаи ҷаҳонии идоракунии партовҳо диққати ҷиддӣ додан, коркард ва дастовардҳои онҳоро омухта, ба хоҷагидории худ мутобиқ кардан хеле муҳим аст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 99, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП