Central AsianResearch Index

ТАҶРИБАИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДАР МУАЙЯНКУНИИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА

Дар мақолаи мазкур нақши муҳими соҳибкории хурд дар рушди иқтисодиёти миллӣ, таъмин бо ҷойҳои корӣ ва мубориза бо бекорӣ қайд карда шудааст. Аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла мамлакатҳои тараққикарда , дар сатҳи давлатӣ фаъолона ин намуди фаъолиятро дастгирӣ менамоянд. Муаллиф ба хулосае омадааст, ки чунин дастгирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон қонеъкунанда нест. Инчунин, дар илми иқтисодии ватанӣ то ҳол усули ягонаи методологӣ оид ба муайян намудани шакли ташкил, идоракунӣ ва дастгирии давлатии соҳибкории хурд вуҷуд надорад. Ба субъектҳои соҳибкории хурд шароитҳои фарохи ҷалби молияи лозима, ки асоси фаъолияти дилхоҳ соҳаи иқтисодиётро ташкил медиҳад, пешниҳод нагардидаанд. Ташаккули низоми самараноки чунин субъектҳо ба тағйироти мусбӣ дар иқтисодиёти миллӣ меорад. Аз ҷониби муаллиф дар навбати аввал кӯшиши муайян намудани соҳибкории хурд дар асоси як қатор меъёрҳо оварда шуда, таҷрибаи мамлакатҳои хориҷӣ дар ин ҷода барои пешкаш омода шудааст. Хусусан, муаллиф меъёрҳои зерини бисёртар истифодашавандаро чун мавҷудияти талаботҳои соҳавӣ, шумораи коргарон ва нишондиҳандаҳои молиявиро дида мебарояд. Аз нуқтаи назари ӯ, таърифи ҳозираи соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ асос ёфтааст, он қадар самаранок нест ва ба тағйироту илова ниёз дорад. Ин, дар навбати худ, ба дастгирии самаранок ва мақсадноки соҳибкории хурд аз ҷониби давлат ва рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, чун саноати коркард ва хоҷагии қишлоқ меорад. Инчунин, муаллиф меъёрҳои чандириро на танҳо барои соҳа, балки барои минтақаҳо бо мақсади рушди онҳо пешниҳод менамояд.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 4 (28)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет