ТАҶРИБАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИДОРАКУНИИ НИЗОМИ ХАЗИНАДОРӢ
Хазинадорӣ инструменти асосии молия буда, чун аппарати асосӣ дар иҷроиши буҷет баромад мекунад. Он тамоми уҳдадориҳои молиявиро иҷро намуда, шаффофияти захираҳои молиявӣ ва самаранокии иҷроиши уҳдадориҳои давлатро таъмин менамояд Айни замон ислоҳоти гуногуни иқтисодӣ ба фаъолияти хазинадорї таъсири худро расонида, муаммоҳои зиёдеро ба вуҷуд овардаанд, ки ин онҳо ба тамоми сохтори молияи мамлакат таъсири манфии худро расонида истодаанд. Бинобар ин, самти рушд, такмил ва иҷроиши сатҳи самаранокии низоми хазинадорї дар ин чорчӯба хеле масъалаи актуалӣ ба ҳисоб меравад. Дар маќолаи мазкур нақши хазинадорӣ дар сохтори молияи ҳар як давлат муайян шуда, вобаста аз фаъолияти он такмил ёфтани самти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ исбот карда шудааст. Инчунин, нақш, мақом, сохтор , ваколат ва уҳдадориҳои низоми хазинадорӣ дар мамлакатҳои хориҷа муайян карда шуда, хусусиятҳои фарқкунандаи он шарҳ дода шудаанд. Омилҳое, ки барои такмил ва шафоффияти ҷараёни иҷроиши фаъолияти хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мебошанд, вобаста ба таҷрибаҳои хазинадорӣ пешниҳод шудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 2 (36)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет