ТАЉРИБАИ ЉАЊОНИИ ИДОРАКУНИИ ХАВФЊОИ МОЛИЯВЇ ДАР КОРХОНАЊОИ САНОАТЇ
Дар мақолаи мазкур муаллифон таљрибаи хориљии идоракунии хавфњои молиявиро дар корхонаҳои саноатї баррасї намудаанд. Тавре ки тањқиқот нишон медиҳад, низоми ҳамгирошудаи идоракунии хавфҳо (НЊИХ) тамоми самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳоро фаро мегирад. Дар аксари корхонаҳои саноатї низоми ҳамгирошудаи идоракунии хавфҳо рўйдодҳои беруниро дар бар мегирад ва бо идоракунии амалиётї, молия ва технологияҳои иттилоотї зич алоқаманд аст. Ин маънои онро дорад, ки низоми идоракунии хавфҳо як љузъи људонашавандаи раванди қабули қарорҳои стратегї шудааст. Пас аз муайян кардани нақш ва љойгоҳи НЊИХ дар низоми умумии идоракунии корпоративї , муаллифон ба љанбаҳои амалии татбиқи он таваққуф карданд. Њамин тавр, дар асоси омўзиши таљрибаи хориљї низоми њамгироии идоракунии хавфњо муаллифон тавонистанд тафсири мафњуми идоракунии хавфи молиявиро маънидод намоянд. Идоракунии хавфҳои молиявиро дар корхонањои саноатї метавон ҳамчун як қисми низоми ҳамгирошудаи идоракунии хавфҳо муайян кард, ки ба нигоҳ доштани фаъолияти муътадили корхона тавассути тадбирҳо оид ба коҳиш додани таъсири манфии хавфҳои нарх, таваррум, асъор, андоз ва танзим нигаронида шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 4.1 (29)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет