Central AsianResearch Index

ТАҲЛИЛИ ВИЖАГИҲОИ СИНАМО ДАР БАРНОМАҲОИ ТАҲЛИЛИИ ТВ “СИНАМО”

Дар мақола оид ба вижагиҳои масъалаҳои синамо дар барномаҳои таҳлилии телевизиони “ Синамо ” сухан меравад. Соҳибистиқлол гардидани мамлакат дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон гардиши бузурги таърихӣ буда, баҳри пешрафти тамоми соҳаҳо имконият ва шароити мусоид фароҳам овард. Бахусус, баҳри таъсис ва ташаккули воситаҳои ахбори омма роҳи васеъ боз шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ, хусусӣ ва ҷамъиятии ғайридавлатӣ таъсис ёфта, ба фаъолият пардохтанд. Шабакаи телевизиони соҳавии “ Синамо ” вобаста ба соҳаи синамо барномаҳо таҳия ва пешниҳоди тамошобинон мегардонад, ки мақбули тамошобинон гардидааст. Дар баробари барномаҳои иттилоотӣ дар ин телевизион барномаҳои таҳлилӣ низ таҳия мегарданд, ки махсус ба соҳаҳои синамо бахшида шудааст. Барномаҳои “Асрори филмофарӣ”, “Ахтарони ҳунар”, “1001 андеша”, “Суфраи синамо ” аз Телевизиони “ Синамо ” бо истифода аз жанрҳои таҳлилӣ барномаҳои соҳавии телевизионӣ таҳия намуда, пешниҳоди тамошобинон гардонидаанд, ки дар байни дигар барномаҳои ин шабака мавқеи устувор пайдо намуда, барои тамошобинон ҷолиб ва диданбоб гардидааст. Бояд зикр намуд, ки барномаҳои таҳлилии ин шабака бо вижагиҳои хоси худ аз дигар барномаҳо фарқ мекунанд. Дар мақола муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки вижагиҳои барномаҳои таҳлилии шабакаи телевизиони соҳавии “ Синамо ”-ро ба таҳлил кашад. Дар анҷоми мақола зикр гардидааст, ки барномаҳои таҳлилӣ дар байни дигар барномаҳои телевизиони соҳавии “ Синамо ” мавқеи устуворро соҳиб гашта, дар байни тамошобинон маҳбубият пайдо намудаанд. Тавассути барномаҳои таҳлилӣ масъала ва мавзуъҳои муҳимми синамо ба муҳокима, таҳлил ва баррасӣ кашида шудаанд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2 (115)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни