ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ СИЁСАТИ ПУЛИЮ ҚАРЗӢ ВА ТАВАРРУМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Сиёсати пулию қарзӣ гуфта, кулли чорабиниҳои давлатиеро дар назар доранд, ки ба мақсади танзими сатҳи нархҳо, танзими қарздиҳӣ, мувозинати сатҳи таваррум ва дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз, таҳлили вазъияти иқтисодии давлат ва татбиқи соҳаҳои алоҳидаи он ба воситаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва сатҳи монетизатсия шарти зарурӣ мебошад. Дар мақолаи мазкур муаллифон масъалаҳои муҳимтарини сиёсати пулию қарзиро, ки ба сатҳи монетизатсияи иқтисодиёт , нишондиҳандаҳои васеи ҳаҷми пул ва пулҳои берун аз бонкҳо, ки ба алоқамандии таваррум қиёс гардидаанд, мавриди таҳлил қарор додаанд. Ҳамчунин, дар мақола таҳлили як қатор нишондиҳандаҳои пулию таваррум мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дода шуда, дар натиҷа хулосаҳои зарурӣ бароварда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 4.1 (38)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет