ТАҲЛИЛИ УСТУВОРИИ БОНКДОРИИ ИСЛОМӢ ДАР ШАРОИТИ БУҲРОНИ МОЛИЯВӢ
Дар маќола равишњои назариявї ва амалї доир ба устувории бонкдории исломӣ дар шароити буњрони молиявї ќайд шудааст. Равандњои љањонишавї ва ноустувории макроиќтисодї зиёни молиявӣ ба бонкҳои маъмулӣ расонид, ки дар оқибат онҳо нобарору носубот ва беэътимод гаштанд. Чунин њолат ба вазъи пардохтпазирии низоми бонкї таъсири манфї расонид ва боварию эътимоди ањолї нисбат ба бонкҳои маъмулӣ коњиш ёфт. Дар ҳамин ҳолат бонкдории исломӣ устуворї ва пойдории ќавии худро исбот намуд, ки ба буњронњои шадиду давомдори молиявї тобовар мебошад. Бинобар ин, зарурат пайдо шуд, ки бо мақсади устувории низоми бонкї, васеъ кардани доираи фаъолияти бонкњо, ташкили муњити раќобати солим, љалби сармоя аз давлатњои исломї ва диверсификатсиякунии низоми бонкї усулњои нави бонкдорї ба роњ монда шавад. Бояд қайд намуд, ки ташаккули бонкдории исломї барои таъмини устувории низоми бонкї ва рушди бахши воќеии иќтисодиёт нигаронида шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 3 (37)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет