Central AsianResearch Index

ТАҲЛИЛИ СОХТОРИ СЕЛАҲОИ МОЛИЯВИИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ТАСНИФОТИ ОНҲО

Дар мақолаи мазкур, муаммаҳои ташаккули селаҳои молиявӣ дар иқтисодиёт омӯхта шуда, оид ба мафҳуми ва моҳияти худи селаи молиявӣ, тафсирҳои муайян пешниҳод гардидааст. Ҳамчунин, ба мақсади ташаккул, танзим ва идоракунии селаҳои молиявӣ дар иқтисодиёт услуби “матритсаи гардиши молиявӣ ” ва “принсипҳои логистикаи моливӣ” истифода гардидаанд. Тибқи равияи мазкур, селаҳои молиявӣ дар давраҳои муайян аз сохтори таркибии матритсаҳои гардиши молиявӣ ташаккул меёбанд. Муайян карда шудааст, ки гардиши молиявӣ дар иқтисодиёт аз зинаҳои гуногун иборат буда, дар ҳар зина, селаҳои молиявии гуногун самт ва хусусиятҳои гуногундошта ташаккул меёбанд, ки барои танзими минбаъдаи онҳо абзорҳои гуногуншакл лозим мебошад. Тибқи принсипҳои логистикаи молиявӣ, муайян гардидааст, ки селаҳи молиявӣ дар иқтисодиёт аз сохторҳои таркибӣ, яъне селҳои таъминкунандаи раванди ташаккули он иборат мебошанд. Ҳар як, селаи таъминкунанда бояд дар раванди ташаккули селаҳои молиявӣ дар иқтисодиёт иштирок дошта бошад. Ҷиҳати танзими селаҳои молиявӣ , самтҳои афзалиятноки онҳо муайян карда шудааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 1 (44)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет