Central AsianResearch Index

ТАЊЛИЛИ СОХТОРИ САРМОЯИ МУСТАҚИМИ ХОРИҶӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақолаи мазкур тамоил ва сохтори љалби сармояи мустаќими хориҷӣ ба иқтисодиѐти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил ќарор гирифтааст. Муаллиф дар маќола иброз медорад, ки солњои охир љалби сармояи мустаќими хориљї ба иќтисодиѐти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли болоравиро ба худ касб намудааст. Ин нишондиҳанда гувоњї аз он медиҳад, ки воридшавии сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба иќтисодиѐти кишвар таъсири мусбӣ гузошта, муҳити макроиқтисодиро беҳтар менамояд. Њамзамон дар маќола дарљ гардидааст, ки њиссаи сармоягузориҳо ба иншооти истеҳсолӣ дар солҳои охир афзоиш ѐфтааст. Ин асосан аз афзоиши сармоягузориҳо дар иншоотњои саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои шаклҳои гуногуни дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиѐт ва ғайра мебошад. Бо вуҷуди ин, муаллиф қайд мекунанд, ки новобаста аз тамоюли умумии афзоиш, љалби сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон бо назардошти зарфиятњои мављуда ќонеъкунанда намебошад. Барои љалби сармояи мустаќими хориљї иќлими сармогузорї њанўз рушд наѐфтааст. Дар ќисмати хулосавии маќола муаллиф якчанд тадбирҳоро барои љалби сармояи мустаќими хориљї пешнињод менамоянд,ки онњо аз беҳбуд бахшидани фазои сармоягузории кишвар, такмил додани заминаи қонунгузорӣ, озодкунии тиҷорати хориҷӣ ва дохилӣ, рушди инфрасохтори бозор , баланд бардоштани устувории низоми бонкии кишвар, таќвият бахшидани фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок , таҳияи муҳити рақобатбахш ва ғайра иборат мебошанд.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 1 (30)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет