Central AsianResearch Index

ТАҲЛИЛИ СИСТЕМАҲОИ ИТТИЛООТИИ МУОСИРИ ГАРДИШИ ҲУҶҶАТҲО

Дар мақола масъалаи идоракунии самараноки иттилоот тавассути татбиқи системаҳои иттилоотии муосири гардиши ҳуҷҷатҳо дар шароити рушди босуръати иқтисодиёти рақамӣ мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дода шудааст. Гузариш аз усулҳои анъанавии коғазӣ ба системаҳои интеллектуалии электронӣ, ки худкорсозии равандҳои таҳия, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва бойгоникунии ҳуҷҷатҳоро дар бар мегирад, баррасӣ мегардад. Барои баланд бардоштани сатҳи худкорсозӣ ва оптимизатсияи ҷараёни ҳуҷҷатҳо аз технологияҳои муосир, ба монанди зеҳни сунъӣ , омӯзиши мошинӣ, коркарди забони табиӣ (NLP), маълумоти калон ( Big Data ) ва инчунин методҳои назарияи хизматрасонии оммавӣ истифода шудааст. Татбиқи ин усулҳо барои моделсозии раванди баррасии ҳуҷҷатҳо, пешгӯии сарборӣ ва ба ҳадди ақал расонидани вақти интизории коркарди иттилоот мусоидат менамояд. Натиҷаҳои таҳлил нишон медиҳанд, ки системаҳои зеҳнии гардиши ҳуҷҷатҳо аз ҳама дурнамодор ба шумор рафта, имкон медиҳанд, ки ҷараёнҳои иттилоотӣ мустақилона таҳлил карда шуда, қабули қарорҳои идоракунӣ дастгирӣ ёбад ва иштироки инсон дар амалиётҳои такроршаванда то ҳадди ақал кам карда шавад. Сарфи назар аз мушкилоти молиявӣ ва амниятӣ, рақамикунонии равандҳои идоракунии ҳуҷҷатҳо самти муҳимтарини рушди ташкилотҳои муосир мебошад.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 10, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3107-2348
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан