Central AsianResearch Index

ТАҲЛИЛИ РОБИТАИ МУТАҚОБИЛАИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақола таносуби рушди иқтисодӣ ва рушди иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, алоқамандии онҳо муайян карда мешавад. Муаллифон қайд мекунанд, ки дар ягонагии диалектикии рушди иқтисодӣ ва рушди иҷтимоӣ , рушди иқтисодӣ таъсири мустақим дорад ва таъсири рушди иҷтимоиро ба рушди иқтисодӣ метавон баръакс арзёбӣ кард. Хулосаи назариявию методологӣ оид ба ягонагӣ ва робитаи мутақобилаи рушди иқтисодӣ ва рушди иҷтимоӣ дар заминаи натиҷаҳои таҳлили рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлоли давлатӣ асоснок карда мешавад. Аз нигоҳи рушди иқтисодӣ , таърихи муосириҶумҳурии Тоҷикистон ба се давра, яъне давраи таназзули трансформатсионӣ, давраи барқароршавӣ ва давраи рушди иқтисодӣ тақсим карда шуда, дар мақола тавсифи онҳо дода шудааст.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 4 (28)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет