ТАҲЛИЛИ РЕТРОСПЕКТИВӢ: МУБРАМИЯТИ ФАЪОЛГАРДОНИИ МОЛҲОИ ВОРИДОТИВАЗКУНӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Соҳибкории саноатӣ дар шароити муосир, ба андешаи мо, ба бахши хусусии иқтисодиёт мубаддал мегардад, ки моҳиятан низоми ошкоро ва мураккаби ташкилӣ-хоҷагидорӣ мебошад. Стратегияи рушди он бояд ба қисмати таркибии стратегияи рушди иқтисоди миллӣ табдил гардад. Вазъияти корхонаҳои саноатӣ ба дараҷаи муаӣян бо муҳити беруна муаӣян карда мешавад. Дар маҷмуи унсурҳои муҳимтарини муҳити беруна барои корхонаҳои саноатӣ унсурҳои ниҳодӣ (институтсионалӣ) мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Муҳити мазкурро ба дараҷаи муаӣян ниҳодҳои Сохтории дастгирии давлатии сиёсати саноатӣ муаӣян мекунанд. Дар кишварҳои тараққикарда рушди сиёсати саноатӣ самти муҳими сиёсати давлатии саноатӣ маҳсуб мешавад, зеро вазъияти сиёсати саноатӣ чунин нишондиҳандаи муҳиме дониста шудааст, ки вазъияти умумии иқтисодиро дар кишвар тавсиф медиҳад, дараҷаи пешрафтро инъикос мекунад ва ба ҳаллу фасли мушкилоти бекорӣ дар домеа саҳмгузорӣ мекунад. Аз таҷрибаи мамлакатҳои Аврупо маълум аст, ки такрибан 60% 73 арзиши иловашуда дар соҳаи саноат истеҳсол мешавад. Сатҳи рушди соҳибкории саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нишондиҳандаҳои кишварҳои мазкур ба таври ҷиддӣ, такрибан ба 20% кафо мондааст. Дар кишварҳои хориҷииқдомҳои давлатӣ дар соҳаи сиёсати саноатӣ асосан моҳияти баӣнисоҳавӣ доранд, аксарияти онҳо барои ҳаллу фасли мушкилоти барои ҳамаи ширкатҳо умумӣ равона карда шудаанд, барои баланд намудани ракобатпазирии ширкатҳои саноатӣ ҳадафгузорӣ шудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 4 (43)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет