Central AsianResearch Index

ТАҲЛИЛИ ОМОРИИ САҲИФАҲОИ РАСМИИ ДОНИШГОҲҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Дар шароити тавсеаи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи довталабон ва донишҷӯён, истифодаи ин шабакаҳо барои инъикоси фаъолият, муаррифии дастовардҳои илмӣ ва тарғиби хидматрасонии донишгоҳҳо муҳим ва талаботи замон гардидааст. Дар ин мақола бо мақсади омӯзиши фаъолияти саҳифаҳои расмии донишгоҳҳои вилояти Суғд дар шабакаҳои иҷтимоӣ , нишондиҳандаҳои омории онҳо таҳлилу муқоиса гашта, барои беҳсозии фаъолияти онҳо тавсияҳои мушаххас дода шудааст. Чунин таҳлил бори аввал сурат гирифта, натиҷаҳои он барои рушд ва беҳсозии фаъолияти саҳифаҳои донишгоҳҳо муҳим аст. Дар натиҷаи омӯзиш маълум гашт, ки донишгоҳҳои вилоят асосан дар Фейсбук ва Инстаграм фаъол буда, дар марҳилаи мавриди пажӯҳиш саҳифаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бештар фаъол буда, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон чизе нашр накардаанд.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 3 (76)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова