ТАҲЛИЛИ ОМОРИИ РАВАНДИ ТАҒЙИРЁБӢ ВА СОХТОРИ СОҲАВИИ ҚАРЗҲО
Дар мақола доир ба мафҳуми қарз ва нақши он дар рушди иҷтисоди миллӣ сухан рафта, дар асоси истифадаи маълумотҳои низоми бонкӣ ва татбиқи усулҳои гуногун нишондиҳандаҳои омории қарз ҳисоб карда шудаанд. Диққати асосӣ ба ҳисоби тамоюли миёнаи квадратӣ ва коэффитсиенти лапиш равона гардида, пешниҳоди қарз дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт бо назардошти талаботи воқеии ин соҳаҳо мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Ҳамчунин, тағйиёбии сохторӣ қарзҳо бо воситаи нишондиҳандаҳои тафовути сохторӣ омӯхта шуда, сохтори пешниҳоди қарз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Инчунин дар асоси истифодаи коэффитсиенти регрессия ва чандирӣ сатҳи вобастагии ММД ва ҳаҷми қарзҳои пешниҳодшуда дар иқтисодиёт таҳлил гардида, аз натиҷаи ҳисоб хулоса пешниҳод шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 3 (42)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет