Central AsianResearch Index

ТАҲЛИЛИ ОМИЛИИ ТАВАРРУМ МУВОФИҚИ МОДЕЛИ МОНЕТАРӢ

Тағйирёбии ҳолати иқтисод дар ҷаҳони муосир ба таъсири омилҳои дохилию берунӣ зич алоқаманд буда, масъалаи устувор нигоҳ доштани қобилияти харидории пули миллӣ ва роҳ надодан ба ҳолатҳои ғайриинтизории таваррум муҳим, ҳалталаб ва мубрам боқӣ мемонанд. Бинобар ин, дар мақола муаллифон кўшиш намудаанд, ки таркиби таваррум ва тамоюли тағйирёбии динамикаи нишондиҳандаҳои сатҳи мубодиларо мавриди омўзиш қарор диҳанд. Бо истифода аз модели монетарӣ ва арзёбии омории динамикаи таваррум таҳлили омилӣ гузаронида шуд, ки нишондиҳандаҳои омори муомилоти пулиро фаро гирифтааст. Омўзиши сохтори таваррум дар асоси таҳлили омилӣ аз ҳисоби омилҳои монетарӣ ошкор гардида, индекси номиналӣ , индекси суръати гардиши ҳаҷми пул ва индекси ҳаҷми воқеии ММД ҳисоб карда шудаанд.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 4.1 (38)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет