ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ МУОСИРИ ҚАРЗДИҲИИ ИПОТЕКИИ МАНЗИЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар шароити муосир, қарзҳои ипотекии манзилӣ ба яке аз унсурҳои муҳими рушди иқтисодию иҷтимоиии кишвар бо роҳи мусоидат ба робитаи мутақобилаи ташкилотҳои қарзӣ бо ташкилотҳои сохтмонӣ ва захираҳои аҳолӣ табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, муаллифон дар мақола як қатор масъалаҳоро ба монанди: мавқеи қарзҳои ипотекии манзилӣ дар сохтори иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омилҳои таъсиррасон ба вазъи кунунии бозори қарзҳои ипотекии манзилӣ , рушди ҳиссаи қарзҳои ипотекии манзилӣ дар сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзӣ , тағйирёбии сифати сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии ватанӣ ва ғайра мавриди тадқиқ қарор додаанд. Бо тадқиқи масоили мазкур муаллифон мушкилиҳои рушди қарзҳои ипотекии манзилиро дар қаламрави кишвар баррасӣ ва сабабҳои худдории бонкҳоро аз пешниҳоди қарзҳои мазкур муайян намудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 4.1 (38)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет