Central AsianResearch Index

ТАҲЛИЛИ НАЗАРИЯВИИ ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМӢ

Дар мақола муаллиф асосҳои назариявӣ ва андешаҳои макотиби мухталифро доир ба мафҳуми таваррум ва пайдоиши он мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор додааст. Дар баробари ин, сабабҳои таваррум ва музокираҳои байни олимони мактабҳои мухталифро таҳлил кардааст. Муаллиф марҳилаҳои рушди пул ва таваррумро ифшо намуда, иброз доштааст, ки қаблан пул ҳамчун васила барои ҷамъоварии сарват амал менамуд, аммо бо гузашти замон ва дар натиҷаи рушди муносибатҳои сармоядорӣ нақши пул дар роҳандозии сармояи тавлидӣ ниҳоят зарур арзёбӣ мегардад. Ҳамчунин, муаллиф дар мақола андешаҳои ду мактаби бузурги иқтисодии Ғарбро (мактаби монетаристон ва кейнсианҳо) мавриди омӯзиши густурда ва фасеҳ қарор дода, андешаҳои онҳоро доир ба вазифаҳои давлат дар самти идоракунии таваррум нишон додааст.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 3 (27)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет