ТАҲЛИЛИ НАЗАРИЯВИИ САТҲИ МОНЕТИЗАТСИЯИ ИҚТИСОДИЁТ ВА МАРҲИЛАҲОИ ИНКИШОФИ ОН
Сатҳи бо пул таъмин кардани иқтисодиёт ва танзими он асоси ташаккул ва рушди иқтисодиёт мебошад, ки дар раванди самаранок идоранамоии пул ҳамчун омил ба рушди иқтимоӣ-иқтисодии ҷомеъа, яъне сатҳи бекорӣ, истеъмолот ва истеҳсолот таъсиррасон мебошад. Дар асоси таҳқиқи адабиёти иқтисодӣ ва осори олимони ватанию хориҷӣ муаллиф як қатор фикру андешаҳои худро оиди танзим ва нақши монетизатсияи иқтисодиётро ҳамчун масъалаи мубрами руз мавриди омӯзиш қарор додааст. Дар асоси ақидаҳои олимон муаллиф дар мақолаи мазкур марҳилаи ташаккули монетизатсияи иқтисодиётро ва таъсири он дар рушди иқтисодиёти миллӣ пешниҳод намудааст. Дар интиҳои мақола муаллиф, баланд бардоштани сатҳи монетаризатсияи иқтисодиётро дар оянда ва таъсиррасонии он ба динамика ва сохтори агрегатҳои пулӣ , ба рушди истеҳсолот ва таҳкими сохтори иқтисодиёт, ба рушди сохтори молия, қарздиҳӣ, афзоиши захираҳои бонкӣ ва аз ҳама омили муҳим сатҳи боварӣ ба низоми бонкӣ ба мақсад мувофиқ мешуморад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 1 (44)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет