ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВИИ ҶУМЛАҲОИ СОДА ДАР ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА ОЛМОНӢ
Дар мақолаи мазкур бори аввал масъалаи сохтори ҷумлаҳои яктаркиба дар забонҳои тоҷикӣ ва олмонӣ аз лиҳози забоншиносии типологӣ ва қиёсӣ мавриди омӯзиши илми қарор дода шудааст. Тавсифи вижагиҳои сохторию семантикии ҷумлаҳои сода дар забонҳои тоҷикӣ ва олмонӣ роҳандозӣ гардидааст. Забоншиносони ватанию хориҷӣ дар асоси таҳқиқотҳои илмӣ назари худро оид ба ҷумлаҳои сода иброз намуда, онҳоро ба якчанд намуд ҷудо намудаанд. Забони тоҷикӣ ба монанди забони олмонӣ ба гуруҳи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешавад ва аз ҳамин сабаб монандиҳои зиёд дар таҳлили сохторию семантикии ҷумлаҳои сода дида мешавад. Натиҷаҳои пажуҳиш ба густариши минбаъдаи тасаввурот дар бораи сохтори семантикии ҷумлаҳои сода дар системаҳои забонҳои муқоисашаванда мусоидат менамояд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан