Central AsianResearch Index

ТАҲЛИЛИ ҚИЁСИИ ЗАРБУЛМАСАЛҲОИ ТОҶИКӢ ВА АНГЛИСӢ

Дар мақола муаллифон дар бораи зарбулмасалҳои тоҷикӣ ва таҳлили муқоисавии он бо забони англисӣ андешаронӣ намуда, ба натиҷа мерасанд, ки як қатор зарбулмасалҳои тоҷикӣ гунаи худро дар забони англисӣ доранд. Як қатор зарбулмасалҳои англисӣ мазмунан ба зарбулмасалҳои тоҷикӣ мувофиқанд. Муаллифон хулоса мекунанд, ки оҳангнокӣ дар зарбулмасалҳои тоҷикӣ бештар ба назар мерасад. Ба воситаи зарбулмасал гӯянда андешаашро хушобу ранг баён мекунад. Дар зарбулмасалҳои ҳар ду забон як мақсад – баёни шинаму зебо ва гӯшрас барои тарбияи насли наврас истифода мешавад. Зарбулмасал на танҳо ҳусни каломро афзун мекунад, инчунин барои ифодаи рангини забон хизмат мекунад. Зарбулмасал ганҷинаи бебаҳои фолклори ҳар як халқ аст. Дар забони англисӣ низ аз зарбулмасалҳо фаровон истифода мекунанд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни