ТАҲЛИЛИ ИЛМӢ-АМАЛИИ РАШК ДАР МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИШАХСӢ
Дар мақолаи мазкур масъалаи таҳлили илмӣ-амалии рашк дар муносибатҳои байнишахсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф, дар натиҷаи таҳлили андешаҳои олимон ва андешаҳои муаллифонаи худ рашкро дар муносибатҳои байнишахсӣ аз нигоҳи илмӣ-амалӣ таҳлил намуда, якчанд тавсияҳои судмандро оид ба бартараф намудани рашк манзур намудааст. Ба андешаи муаллиф, рашк як ҳиссиёте мебошад, ки ҷанбаи мусбӣ ва манфиро доро буда, дар ҳолати мусбӣ боиси устувор гардидан ва дар ҳолати манфӣ боиси вайрон гардидани муносибатҳои байнишахсӣ мегардад.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 17, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-3402
- Издатель
- Таджикский педагогический институт в Раштском районе