ТАҲЛИЛИ ХУСУСИЯТҲОИ УМУМИИ СИСТЕМАИ НАҚЛИЁТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Дар мақолаи мазкур хусусиятҳои умумии системаи нақлиётии шаҳри Душанбе мавриди таҳлил қарор дода мешаванд. Системаи нақлиёт ҳамчун унсури муҳими инфрасохтори шаҳрӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини ҳаракати аҳолӣ нақши калидӣ мебозад. Дар тадқиқот сохтор ва намудҳои асосии нақлиёт, сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ , инчунин омилҳои таъсиррасон ба фаъолияти он мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамзамон, самтҳои асосии такмили системаи нақлиётии шаҳр муайян ва пешниҳод карда мешаванд. Натиҷаҳои тадқиқот метавонанд дар банақшагирии рушди устувори нақлиёти шаҳрӣ , такмили сиёсати нақлиётӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе истифода шаванд.
Сведения
- Журнал
- Economy of Tajikistan
- Опубликовано
- 2026 · Т. 1, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2310-3957
- Издатель
- Институт экономики и демографии Национальной академии наук Таджикистана