ТАҲЛИЛИ ФЛОРАИ МАРҒЗОРҲОИ ҚАТОРКӮҲИ ЗАРАФШОН
Дар мақола таҳлили флораи марғзорҳои қаторкӯҳи Зарафшон баррасӣ шудааст. Таҳқиқот солҳои 2022 2025 бо истифода аз усулҳои қабулшудаи ботаникӣ ва экологӣ гузаронида шуда, муаллиф сохтор, таркиби таксономӣ, шаклҳои ҳаётӣ ва хусусиятҳои экологии растаниҳои марғзориро дар асоси таҳқиқотҳои геоботаникӣ омӯхтааст. Дар натиҷаи таҳқиқ муайян гардид, ки флораи марғзорҳои қаторкӯҳи Зарафшон аз 136 намуди растанӣ, мансуб ба 80 авлод ва 27 оила иборат мебошад. Дар таркиби флора бартарии оилаҳои Poaceae, Asteraceae, Cyperaceae, Ranunculaceae ва Scrophulariaceae ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи таҳлили таксономӣ маълум гардид, ки авлодҳои Carex, Poa, Pedicularis, Ranunculus, Juncus ва Astragalus мавқеи асосиро ишғол менамоянд. Аз рӯи шаклҳои ҳаётӣ растаниҳои бисёрсолаи поликарпӣ бо 104 намуд (76,47%) ҳукмрон буда, ин ҳолат ба хусусиятҳои иқлим ва релефи минтақа вобаста мебошад. Натиҷаҳо нишон дод, ки марғзорҳо дар қаторкӯҳи Зарафшон асосан ба ду гурӯҳи асосӣ марғзорҳои ботлоқӣ ва даштӣ ҷудо мешаванд. Инчунин таъсири омилҳои табиӣ ва антропогенӣ ба тағйирёбии таркиби флора муайян карда шуд. Ҳамчунин, таҳлили ареалогӣ нишон дод, ки қисми зиёди намудҳои таркиби марғзорҳои минтақа ба гурӯҳҳои Наздиҳимолойӣ, Тиёншони Ғарбӣ – Помиру Олой ва Осиёи Миёнаи Кӯҳӣ мансуб мебошанд. Дар рафти таҳқиқ 6 намуди эндемикӣ муайян карда шуд. Натиҷаҳои таҳқиқ аҳамияти илмӣ ва амалӣ дошта, метавонанд барои баррасии ҳолати экологии марғзорҳо, мониторинги гуногунии биологӣ , истифодаи устувори захираҳои растаниҳо, беҳтар намудани чарогоҳҳо ва таҳияи чорабиниҳои ҳифзи экосистемаҳои Тоҷикистон истифода шаванд.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 11, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3107-2356
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан