ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ БУҲРОНҲОИ ҶАҲОНӢ
Дар мақола аслан вазъи сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ дар шароити буҳронӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шудаанд. Муаллиф тавонистааст, ки бо қиёс кардани таъсири буҳронҳои пайдарпайи ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллӣ фикру мулоҳизаҳои асосноккардаи худро манзур дорад. Ҷолиби диққат аст, ки муаллиф аз нишондиҳандаҳои баъди буҳронӣ бо таври афзалиятнок аз сарчашмаҳои гуногуни оморӣ самаранок истифода кардааст. Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирӣ аз пайомадҳои буҳронҳои фарогири иқтисоди ҷаҳон, аз қабили буҳронҳои экологӣ, ҷанги тиҷоратӣ ва авзои сиёсии минтақаҳои гуногуни ҷаҳон пешниҳодҳои илман асосноккардаи худро ироа кардааст. Воқеан, муаллиф исбот намудааст, ки андешидани чораҳои зарурии пешгирикунанда ба фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, ки таъсири мусбат расонад.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 3 (42)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет