ТАҲЛИЛИ ЭТНОЛИНГВИСТИИ БАЪЗЕ АЗ ЭТНОТОПОНИМҲОИ ВОДИИ ЗАРАФШОН
Дар мақолаи мазкур сухан дар бораи вижагиҳои этнолингвистии баъзе аз этнотопонимҳои водии Зарафшон ва ҳамзамон водии Яғноб низ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааанд. Дар билоди мавриди таҳқиқи муаллифи мақола қароргирифта, дар баробари этнонимҳо ва этнотопонимҳои ифодакунандаи номи тоифаҳои одҳо, кофир, ориёиасли суғдӣ, сакоӣ, тоҷикӣ, яғнобӣ, эронӣ боз этнотопонимҳои марбут ба тоифаҳои ҳиндуориёии ҳинду ва ё ҳиндӣ, ҷӯгӣ, инчунин этнотопонимҳои марбут ба қабилаҳо ва тоифаҳои туркӣ муғулии ӯзбак, турк, қазоқ, қирғиз, баттош, шайман, қаллуқ (қарлуқ), лақай, найман, қунғурот, муғул ва ҳамчунин этнотопонимҳои хоси тифаҳои ҳомию сомии яҳуд ва араб ба назар мерасанд. Таҳқиқ ва баррасии чунин навъи ҷойномҳо аз фоида холӣ нестанд, чунки номвожаҳои ҷуғрофӣ, яъне воҳидҳои луғавии ифодакунандаи номи мавзеъу маҳалҳо хазинаи гаронбаҳои забон маҳсуб мешаванд, ки садсолаҳо ин ҷониб асолати забон ва вижагиҳои таъриху фарҳанги маънавии тамаддуни моро дар худ нигоҳ дошаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2 (115)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни