Central AsianResearch Index

ТАҲЛИЛ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ зарурияти азими дигаргунсозиҳои сохторӣ дар иқтисодиёти миллӣ ба вучуд омадааст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки самти афзалиятноки ашёвии худро, ки асосан майли содиротӣ дорад, тағйир дода, пеш аз ҳама коркарди ашёи хоми дохилӣ ва хориҷиро дар мамлакат ривоҷ дихад ва ба истеҳсолкунандаву фурӯшандаи маҳсулоти тайёр табдил ёбад. Ин ҳолат моро водор менамояд, ки дар ҷустуҷӯи ҳамин гуна хоҷагидорие бошем, ки афзоиши истеҳсолоти 262 ҷумҳуриро таъмин намуда тавонад. Соҳибкори дар инкишофи фаъолияти иқтисодии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи начандон тулонӣ дорад, вале чуноне ки аз таҳлили факту рақамҳои оморӣ бармеояд, соҳибкорӣ рушду инкишофи босуръат дорад. Аз ин рӯ, тараққиёти босуръати соҳибкорӣ фаровонии бозори дохилии ҷумҳурӣ имконпазир гардид, лекин ин фаровони на аз истеҳсоли маҳсулоти худӣ, балки аз маҳсулоти хориҷӣ бо асъори нақдӣ таъмин гардида аст, ки ин дар оянда таъсири худро ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ мерасонад.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 2.1 (31)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет