ТАҲЛИЛ ВА БАҲОДИҲИИ ВАЗЪИЯТИ МУОСИРИ СИЁСАТИ ПУЛИЮ ҚАРЗӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар шароити имрӯзаи иқтисодӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ ва олии кишвар ин татбиқи сиёсати дурусти пулию қарзӣ мебошад, ки тавассути он самтҳои афзалиятноки иқтисодиро фаъол мегардонанд. Аз ин хотир, бо дарки амиқи зарурати сиёсати пулию қарзӣ дар шароити нави индустриалию инноватсионӣ муаллиф як қатор масъалаҳои сиёсати пулию қарзиро мавриди таҳлил қарор додааст. Дар мақола муаллиф таҳлили сиёсати пулию қарзиро вобаста ба сатҳи монетизатсия, танзими ҳаҷми пул вобаста ба агрегатҳои пулӣ, инчунин, суръати гардиши пул ва ҳисоби миёнаи онҳоро тахлил намуда, дар доираи он андешаҳои худро иброз намудааст. Ғайр аз ин, як қатор ҳолатҳои имконпазири дигарро низ дар доираи ҳадафҳои сиёсати пулию қарзї мавриди таҳлил ќарор додааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 3 (37)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет