Central AsianResearch Index

ТАҲЛИЛ ВА БАҲОДИҲИИ ҲИССАҶУДОКУНИҲОИ МОЛИЯВИИ ДАВЛАТӢ БА ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРИИ ИННОВАТИСОНӢ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди иқтисодӣ, рушди фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ ҳамчун омили асосии баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ баромад менамояд. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки дастгирии молиявии давлатӣ дар шакли грантҳо , субсидияҳо , қарзҳои имтиёзнок, имтиёзҳои андозӣ ва сармоягузориҳои мустақим нақши калидӣ дар ташаккул ва густариши экосистемаи инноватсионӣ мебозад. Мақсади таҳқиқот таҳлил ва баҳодиҳии самаранокии ҳиссаҷудокуниҳои молиявии давлатӣ ба рушди соҳибкории инноватсионӣ мебошад. Дар доираи таҳлил омилҳои таъсиррасон, шаклҳои дастгирӣ, механизми тақсимоти захираҳо ва нишондиҳандаҳои арзёбии натиҷабахшӣ баррасӣ мегарданд. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки самаранокии ҳиссаҷудокуниҳои давлатӣ аз шаффофият, ҳадафнокӣ, мониторинг ва баҳодиҳии мунтазами лоиҳаҳо вобаста мебошад. Дар сурати дуруст ба роҳ мондани низоми маблағгузорӣ, дастгирии давлатӣ метавонад боиси афзоиши ҳаҷми маҳсулоти инноватсионӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва баланд гардидани сатҳи содирот гардад. Ҳамзамон, хавфҳои вобастагӣ аз маблағгузории давлатӣ ва истифодаи ғайрисамараноки захираҳо низ мавҷуданд, ки зарурати такмили сиёсати молиявиро тақозо менамоянд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 1, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2310-3957
Издатель
Институт экономики и демографии Национальной академии наук Таджикистана