Central AsianResearch Index

ТАЊЛИЛ ВА АРЗЁБИИ ЊАВАСМАНДГАРДОНИИ МОДДИИ КОРМАНДОНИ КОРХОНАЊОИ САНОАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар мақола масъалаҳои марбут ба таҳлил ва арзёбии ҳавасмандгардонии моддии кормандони корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон мавриди таҳлилу баҳодињї қарор дода шудааст. Дар оғози мақола оид ба мубрамии мавзуи таҳқиқот қайд карда мешавад, ки барои муайян намудани љиҳатҳои мусбї ва манфии низоми ҳавасмандгардонии кормандони корхонаҳои саноатї гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии нишондиҳандаҳои ҳавсмандгардонї муҳим дониста мешавад. Дар қисмати таҳлилии мақола нишондиҳандаҳои мустақими низоми ҳавасмандгардонии кормандони корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба монанди фонди музди меҳнат , қарздории муҳлаташ гузашта аз пардохти музди меҳнат , арзиши харољот барои таъмини қувваи корї , музди меҳнати асосї ҳамчун унсури калидии низоми ҳавасмандгардонии моддї , инчунин, роҳҳои такмилдиҳии низоми ҳавасмандгардонї зери таҳлилу омўзиш қарор дода шудаанд. Дар натиља муайян карда шудааст, ки афзоиши назарраси фонди музди меҳнат дар аксарияти корхонаҳои зерсоҳаҳои саноати минтақа ба чашм намерасад, қарздории муҳлаташ гузашта аз пардохти музди меҳнат солҳои охир тамоюли афзоишёбї дорад ва арзиши нисбатан нокифояи харољот барои таъмини қувваи корї ҷой дорад. Вобаста ба ҳолати љойдошта муаллиф такмили низоми ҳавасмандгардонии моддии меҳнатро муҳим арзёбї менамояд. Дар љамъбасти мақола оид ба рафъи мушкилоти ошкоршуда, тавсияҳои муаллиф пешниҳод гардидааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 1 (35)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Русский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет