Central AsianResearch Index

ТАҲИЯ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ШАКЛИ НАВИ ДОРУВОРИИ ТИМОТСИН ДАР ҒИЛОФАКҲО

Дар мақола таҳияи шакли нави дорувории тимотсинин дар шакли ғилофакҳо ва омӯзиши хусусиятҳои фармакологию биологии он дар шароити лабораторӣ баррасӣ гардидааст. Таркиби ғилофакҳо аз тимотсинин (100 мг) ва глюкоза (400 мг) иборат буда, усули омодасозӣ ва баҳодиҳии сифатии онҳо муайян карда шудааст. Натиҷаҳои тадқиқоти заҳролудии шадид нишон доданд, ки шакли нави дору заҳрнок набуда, ҳатто дар вояҳои баланд (то 5000 мг/кг) дар ҳайвоноти лабораторӣ нишонаҳои интоксикатсия ба мушоҳида намерасад, ки аз бехатарии он шаҳодат медиҳад. Дар шароити модели гепатити токсикӣ дар харгӯшҳо муайян карда шуд, ки тимотсинин дорои таъсири гепатопротекторӣ мебошад, ки бо пастшавии сатҳи билирубин, коҳиши фаъолияти ферментҳои ҷигар (АЛАТ ва АСАТ) ва ба эътидол омадани нишондиҳандаҳои биохимиявии хун ифода меёбад. Ҳамзамон, дар тадқиқоти марбут ба ваксинатсия бар зидди ринотрахеити сироятӣ дар чорвои калон, истифодаи тимотсинин ба таври назаррас баланд шудани титри антителаҳо ва тақвияти ҷавоби иммунӣ мусоидат намуд. Ҳамин тариқ, натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки шакли нави ғилофаквии тимотсинин дорои бехатарии баланд, таъсири гепатопротекторӣ ва фаъолияти иммуностимуляторӣ буда, метавонад ҳамчун воситаи самараноки комплексӣ дар табобат ва пешгирии бемориҳои вобаста ба норасоии масуният ва осебҳои ҷигар истифода гардад.

Сведения

Опубликовано
2026 · № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан