ТАҲҚИҚ ВА ТАСНИФИ СИФАТ ВА РОҲҲОИ КОРБАСТИ ОН ДАР ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ, АНГЛИСӢ ВА ВАХОНӢ
Ҳадафи асосии мақолаи мазкур таҳқиқ ва таснифи сифат ва роҳҳои корбасти он дар забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва вахонӣ мебошад. Натиҷаҳои таҳқиқот дар он ошкор мегардад, ки бори нахуст муҳаққиқи ҷавон ба таҳқиқотҳои сифат ва роҳҳои корбасти он дар забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва вахонӣ ба таври як мақолаи илмӣ таҳқиқот анҷом додааст. Аҳаммияти назарии таҳқиқот дар он зоҳир мешавад, ки ҳалли масъалаҳои дарпешгузошта имконият медиҳад, ки сифат ва роҳҳои корбасти он дар забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва вахониро пурратар ва жарфтар дарк карда шавад, инчунин, натиҷаҳои таҳқиқот дар пажӯҳиши амиқи назарияи умумии он саҳм хоҳад дошт. Аҳаммияти амалии таҳқиқот дар он мебошад, ки натиҷагириҳо ва маводи он метавонанд ҳангоми таҳқиқоти корҳои дигар, дар мавриди таҳия ва таълифи грамматикаи забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ, забоншиносӣ, типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ ва дастурҳои таълимӣ барои мактабҳои олӣ, ҳангоми таҳияи курсҳои амалии ин се фанни мазкур истифода шаванд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 3 (116)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни