Central AsianResearch Index

ТАҲҚИҚИ ТАҶРИБАИ ХОРИҶИИ РУШДИ БОЗОРИ МОЛИЯ

Дар мақолаи илмӣ таҳлили рушди шаклҳои бозори молия имконият фароҳам меорад, ки вижагиҳои ҳар як модел дар алоҳидагӣ баррасӣ гардад, хусусиятҳои он таҳқиқ карда шавад ва унсурҳои асосии онҳо муайян гардида, модели муътадил барои кишварҳои рӯ ба инкишоф интихоб карда шавад. Дар робита ба ин, ҷиҳати интихоби модели муайян барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти баррасӣ ва таҳлили ҳолати рушди бозори молиявӣ дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ва давлатҳои рушдёфта пеш меояд. Дар асоси омӯзиши таҷрибаи давлатҳое, ки дар онҳо бозори молиявӣ ва унсурҳои асосии он тақвият ёфтаанд, таҳия намудани низоми вижа, бахусус бозори молиявӣ метавонад, ки рушди муносибатҳои молиявиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин сохта, ба дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсири мусбӣ расонад. Ба вижа, рушди бозори қоғазҳои қиматнок , бозори асъор, бозори қарз аз самтҳое маҳсуб меёбанд, ки бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ёбанд ва таъсири онҳо ба иқтисодиёти миллӣ бештар гардад.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 4.1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет