ТАҲҚИҚИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар мақолаи илмӣ баъзе аз нишондиҳандаҳои вобаста ба таъмини амнияти озуқаворӣ мавриди таҳқиқи муаллифон қарор гирифтааст. Дар мақола қайд карда мешавад, ки амнияти озуқаворӣ ин вазъи иқтисодии давлат буда, аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бехатарии озуқавории кишвар таъмин гардида, дастёбии воқеӣ, ки барои ҳаёти солиму фаъол ва рушди демографии ҳамаи аҳолӣ зарур аст, кафолат дода мешавад. Муаллифон аз заминаҳои институтсионалии соҳа иқтибос оварда, самтҳои муҳими таъмини амният ва истиқлолияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намудаанд. Аз нигоҳи онҳо муайян намудани номгӯи озуқаи ҳаётан муҳим, таъмини дастёбии ҳақиқӣ ва иқтисодии озуқаи ҳаётан муҳим, таъмини сатҳи зарурии истеҳсоли озуқа ва ташаккули захираи давлатии озуқа, инчунин, ташкили низоми идоракунии бахши кишоварзию рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии савдои озуқа самтҳои муҳими таъмини амнияти озуқавории кишвар дониста мешавад. Муҳаққиқон қайд менамоянд, ки дар мавриди мавҷуд будани тавозуни озуқаворӣ барои якчанд сол, аз рўи он тамоюли тағйироти мавҷудияти умумӣ, воридот , содирот , инчунин, барои истеъмоли аҳолӣ ва барои хўроки чорво мавҷуд будани озуқавориро мушоҳида кардан мумкин аст. Инчунин, қайд карда шудааст, ки дар сурати мавҷудияти захираи озуқаворӣ барои истеъмол он бояд ба шумораи аҳолӣ тақсим карда шавад, ки дар натиҷа нишондиҳандаи муҳим ба ҳисоби миёна ба ҳар нафар аҳолӣ барои як сол мавҷуд будани озуқаворӣ ҳосил мешавад. Дар мақола ишора карда мешавад, ки новобаста аз тамоюли мусбии нишондиҳандаҳои соҳавӣ, то ба ҳол амнияти озуқаворӣ дар сатҳи қаноатбахш таъмин карда нашудааст. Вобаста ба ҳолати ҷойдошта аз ҷониби муҳаққиққон самтҳои афзалиятноки таъмини истиқлолияти озуқавории кишвар пешниҳод карда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 3 (27)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет