Central AsianResearch Index

ТАҲҚИҚИ ХУСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГИИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ҶАВОНОН ДАР РОБИТА БО ДАРАҶАИ ТАҲСИЛОТ

Мақола ба масъалаи мубрами замони муосир таҳқиқи сатҳи таҳаммулпазирии ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо бахшида шудааст. Ҳадафи асосии таҳқиқот муайян намудани таъсири зинаҳои мухталифи таҳсилот ба ташаккули ҷаҳонбинии таҳаммулгароёнаи насли ҷавон ва ошкор сохтани омилҳои иҷтимоиву психологии ин раванд мебошад. Дар таҳқиқоти эмпирикӣ 2100 нафар ҷавонони синни 18-30-сола аз 18 минтақаи Тоҷикистон ҷалб гардида, бо истифода аз пурсишномаи муаллифии иборат аз 4 зершакала мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Дар мақола ҷанбаҳои мухталифи таҳаммулпазирӣ таҳлил шуда, аз натиҷаҳо тавассути формулаи махсус коэффисиенти умумии таҳаммулпазирӣ ҳисоб карда шудааст, ки дар ҳудуди -1 то +1 тағйир меёбад. Хулосаи асосии муаллиф он аст, ки бо баланд шудани зинаи таҳсилот (аз таҳсилоти миёна то олии касбӣ) сатҳи таҳаммулпазирӣ дар байни ҷавонон ба таври устувор ва мунтазам афзоиш меёбад. Инчунин, дар мақола механизмҳои таъсири муҳити донишгоҳӣ ва мазмуни барномаҳои фанҳои гуманитарӣ ба паст шудани сатҳи таҳаммулнопазирӣ ва экстремизм асоснок карда шудаанд. Дар хотима, ҷиҳати такмил додани сиёсати давлатии ҷавонон ва барномаҳои тарбиявӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардидаанд

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 9, № 2 (соц.-гум.)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан