ТАЊЌИЌИ БАРРАСИИ ДОКТРИНАИ АМНИЯТИ ИЌТИСОДЇ ДАР ДОИРАИ ЊАМГИРОИИ ИЌТИСОДЇ
Дар маќолаи мазкур масъалањои таъмини амнияти иќтисодї ва њифзи манфиатњои иќтисодї дар доираи иштироки кишвар дар гурўњи њамгироии иќтисодї мавриди тањќиќ ќарор гирифтааст. Дар доираи тањќиќ маълум шуд, ки бештар дар асарњои олимон пайёмадњои њамгироии иќтисодї аз нуќтаи назари баробаршавии нархњо, самаранокии таќсими захирањо ва дигар самараи мусбати он баррасї шудааст. Њамзамон, дар тањќиќоти мазкур доктринаи амнияти иќтисодї, ки аз љониби як ќатор олимон дар солњои охир пешнињод шудааст, мавриди баррасї ќарор гирифт. Дар маљмуъ, дар маќола баррасии масъалаи амнияти иќтисодї дар пайвастагї бо њамгирої гурўњбандї шудааст. Муайян гардид, ки доктринаи амнияти иќтисодиро дар шароити њамгироии иќтисодї гурўњи на он ќадар зиёди олимон тањќиќ намудаанд. Ин гурўњи олимон њамгироии босуръатро, ки манфиатњои иќтисодии кишварњои нисбатан вобаста ва хурдро поймол месозад ё ба инобат намегирад, зери танќид ќарор додаанд. Вобата ба ин, дар маќола хулосабарорї карда шудааст, ки дар шароити имрўза тањќиќи ин масъала љињати баланд бардоштани самараи иштироки кишвар дар гурўњи њамгирої ањаммияти бузургро дорад.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 2 (36)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет