ТАҲАВВУЛОТИ НАЗАРИЯВИИ БОЗОРИ МЕЊНАТ
Дар мақола асосҳои назариявии рушди бозори меҳнат мавриди таҳқиқу омўзиш қарор дода шудааст. Бо овардани иқтибос аз баромадҳои Роҳбари давлат мубрамияти таҳқиқи бозори меҳнат тасдиқ карда шудааст. Мақола фарогири нуқтаи назари намояндагони мактабҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла намояндагони равияи меркантилистӣ, физиократҳо, классикӣ, неоклассикӣ, кейнсионӣ, монетаристӣ мебошанд. Дар доираи таҳқиқоти таҳаввулоти назариявии бозори меҳнат ҳолатҳои зерин муайян ва ошкор карда шудааст: а) мутавозин будани талабот ва таклифот дар бозори меҳнат чун дигар бозорҳо; б) меъёри иқтисоди бозорӣ будани шуғли пурра, ки бо ёрии «дасти ноаён» ба вуҷуд меояд; в) бозори меҳнат ҳамчун низоми гуногуннамуд ва динамикӣ, ки ба қонунҳои бозорӣ тобеъ мебошад; г) бозори меҳнат низоми ғайрифаъоле мебошад, ки дар он нархи қувваи корӣ ба таври қатъї муайян карда мешавад; ғ) нақши калидӣ доштани воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ дар таъмини мувозинати бозори меҳнат ва ғайра. Дар ҷамъбасти мақола хулосаю пешниҳодҳо аз таҳқиқоти гузаронидашуда бароварда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 4.2 (34)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет