Central AsianResearch Index

ТАҲАВВУЛИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ БАСТАН ВА БЕКОР КАРДАНИ АҚДИ НИКОҲ ДАР ДАВРАИ ШУРАВӢ

Масъалаи таҳаввули вазъи ҳуқуқии бастан ва бекор кардани ақди никоҳ дар давраи шуравӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Дар заминаи таҳлили андешаҳои олимони ватанию хориҷӣ махсусиятҳои тартиби бастан ва бекор кардани ақди никоҳ дар давраи шуравӣ муайян карда шудааст. Хулоса шудааст, ки дар давраи ҳокимияти шуравӣ муносибатҳои никоҳ ва оила бештар хусусияти императивиро доро буд, зеро назорати давлат аз болои чунин як воҳиди муҳимми ҷамъият, монанди оила барало ба назар мерасид. Новобаста аз мавҷудияти чунин назорат, ҳокимияти шуравӣ дар ташаккули институти никоҳ нақши калон гузоштааст. Низоми ҳуқуқии шуравӣ марҳила ба марҳила тавассути қабул намудани санадҳои нави ҳуқуқӣ ва такмил додани онҳо ба ташаккули муносибатҳои никоҳ , аз ҷумла тартиби бастан ва бекор кардани ақди никоҳ таъсири мусбат расонида, бо ин восита никоҳро ҳамчун арзиши оилавию иҷтимоӣ муҳофизат намудааст. Аз таҳқиқот бармеояд, ки қонунгузор ба қадри имкон тавонист, ки никоҳро аз расмиятҳо озод карда, онро ба иттиҳоди воқеан озоди зану мард табдил диҳад. Салоҳияти бақайдгирии ақди никоҳ ва талоқ комилан ба салоҳияти давлат гузашт ва бо ин ба ақди никоҳ хусусияти дунявӣ дода шуд.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 101, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП