ТАҲАВВУЛИ МАФҲУМ ВА КАТЕГОРИЯҲОИ ФАЛСАФӢ ДАР ТАЪРИХИ ФАЛСАФА
Дар мақола оид ба сатҳи мавҷудият ва фаъолияти мафҳумҳои фалсафӣ дар муҳити таърихӣ ва замони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Фалсафа бидуни мафҳумҳо рушд карда наметавонад ва таърихи таҳаввули мафҳум, ба худ гирифтани сермаъноӣ ва таҳаввули маъноии он раванди ҷолибе мебошад, ки натанҳо донистанӣ, балки хеле омухтанист. Мафҳумҳо дар таърихи фалсафа таҳаввул ёфтаанд. Агар дар Юнони Бостон Арасту ҳамагӣ даҳ мафҳуми бунёдиро офарида бошад, дар фалсафаи Кант ва Гегел он ба беш аз 150 мафҳум инкишоф пайдо менамояд. Аммо сухан натанҳо дар бораи рушди миқдорӣ, балки сифатии мафҳумҳо меравад. Зеро мафҳум, ҳамчун асоси муҳокимаи илмӣ, афзорест барои татбиқи муколамаи когнитивӣ ва ифодаи равшан ва пайвастаи фирк ё ғоияи мавриди табодули афкор. Нишони илмият мавҷудияти мафҳумҳоест, ки бо онҳо ин ё он соҳаи илм сару кор доранд. Ба истилоҳи дигар, илм бидуни мафҳумҳо мавҷуд буда наметавонад. Мафҳумҳои фалсафӣ барои ифода, шарҳу тафсир ва мавриди истифода қарор додани объекти фалсафа хизмат менамоянд. Объекти фалсафа бошад, на хаёливу хаёлпарастона, балки шарҳу тафсири асоси ҳамаи вуҷудҳастӣ буда, дар айни замон, фалсафа ягона фанне мебошад, ки барои омузиш ва дарки ҳастӣ вуҷуд дорад. Махсусан аҳамияти пажуҳиши таҳаввул ва ташаккули мафҳумҳои калидӣ дар таърихи ташаккули тафаккури фалсафӣ хеле муҳим буда барои ба таври аёниву воқеӣ дарк кардани муҳтавову мазмуни фалсафа муфид аст. Дар ин мақола назари мутафаккирони тоҷик ва позитивист ҳаёт ва вуҷуд таҳлил мешавад. Хусусан, мафҳумҳои фалсафӣ барои нигоҳ доштани робитаҳои байнифаннӣ дар таҳқиқот, татбиқи методологияи интегратсионӣ, зоҳир кардани модели беназири тафаккури эҷодӣ ва ғайра дар даврони асримиёнагӣ аҳамияти навгароёна доштанд. Аҳамияти маърифатии ғояҳои Ал-Форобӣ, Ибни Сино ва ҳампоягонашон ҳатто дар марҳилаи кунунии рушди илмӣ аз байн нарафтааст. Аз ҷумла, мафҳумҳои коркарда онон дар бораи бесарусомонӣ бо навовариҳо дар илми табиатшиносии муосир муқоиса кардан мумкин аст ва усулҳои таҳқиқоти илмие, ки онҳо истифода кардаанд, истифодаи абзорҳои илмии муосир муҳиманд. Ал-Форобӣ дар саросари ҷаҳон ҳамчун файласуф, доиратулмаориф, табиб, физик, равоншинос, математик, астроном, мусиқидон, шоир, олими адабиёт ва ғайра машҳур аст. Позитивизм инқилоби иҷтимоиро, ки барои халалдор сохтани оромии ҷомеа равона шудааст, сахт маҳкум сохта онро инкишофи нодуруст ва сунъии ҷомеа номид. Позитивизм имкониятҳои рушди бомароми ақли солимро дастгирӣ намуда ҷанбаи бихевиориро мустаҳкам кард.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 11, № 3 (соц.-гум.)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан