СУДӣ ВА НАқДИ АШЪОРИ ҲОФИЗ
Мақола ба баррасии арзиши матншиносии “ Шарҳи Судӣ бар Ҳофиз ”-и Судии Буснавӣ бахшида шудааст.Қайд мешавад, ки Судӣ дар шарҳномаи худ ба масоили матншиносӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, бори аввал дар ҳофизшиносӣ ашъори Ҳофизро аз газалиёт ва абёти илҳоқӣ тоза кардааст. Тазаккур меравад, ки шореҳ ҳангоми шарҳ аз ёздаҳ нусхаи девони Ҳофиз истифода бурда, онҳоро муқоисаву муқобала намуда, нусхаи дурусту асолатдоштаро баргузидааст. Собит мешавад, ки Судӣ рисолати худро танҳо дар шарҳи маънӣ ва маънишиносӣ надониста, оид ба гуногунии нусхаҳо, ихтилофоти матн, саҳви нусхабардорон, интисоби ашьор ва ашъори илҳоқӣ дар девони Ҳофиз таваққуф намудааст. Хулоса шудааст, ки Судӣ дар шарҳномаи хеш саҳву галатҳои котибону носихонро нишон дода, бо ин амал як марҳилаи муайяни тасҳеҳу тоза кардани матни ашъори Ҳофизро ба анҷом расонидааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 1 (66)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова