СУЃУРТА ЊАМЧУН НИШОНДИЊАНДАИ РУШДИ ИЌТИСОДЇ
Дар мақолаи мазкур масъалаҳои мубрами суғурта ҳамчун категорияи иқтисодӣ ва бозори хизматрасониҳои суғуртавии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Муаллиф қайд менамояд, ки суғурта яке аз қадимтарин соҳаҳои иқтисодиёт ба шумор рафта, аввалин фаъолиятҳо ба монанди суғурта тақрибан 4000 сол пеш пайдо шудаанд. Хоҳ дар давраҳои гузашта ва хоҳ дар замони муосир ҳадафи асосии суғурта ҳифзи саломатӣ ва дороиҳои шахсон мебошад. Суғурта унсури асосии фаъолияти иқтисоди пешрафтаи миллӣ дар саросари ҷаҳон аст. Суғурта фаъолияти иқтисодиро бо роҳи идоракунии хавфҳое, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби шахсони сеюм ба уҳда гирифта мешаванд, ҳавасманд мекунад.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 4.2 (39)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет