Central AsianResearch Index

СОЗИШНОМАИ ПАРДОХТИ АЛИМЕНТ

Созишномаи пардохти алимент яке аз намудҳои шартномаи маданӣ ба шумор рафта, вобаста ба мазмун ва моҳияти худ падидаи муҳими қонунгузории оилавии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар бастани созишномаи пардохтиалимент ду тараф: алиментсупоранда шахси ба балоғатрасида ва қобилиятиамлкунӣ дошта (ҳангоми ғайриқобили амал будан намояндаи қонунии ӯ ва тарафи дигар намояндагони қонунии ноболиғ, шахсони ба балоғатрасидаи корношоями мӯҳтоҷи ёрӣ шуда метавонанд. Иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии уҳдадорӣ оид ба пардохти алимент имкон пайдо менамоянд, ки тамоми муносибатҳои байниҳамдигарии худро дар робита ба уҳдадории пардохти алимент дар доираи созишнома ба таври ихтиёрӣ ба танзим дароранд. Бо ҳамин назардоштҳо бояд иброз дошт, ки созишномаи пардохти алимент гуфта, созиши байни пардохткунандаи алимент ва қабулкунандаи онро меноманд, ки бо робитаҳои хешу таборӣ ё муносибатҳои дигари оилавӣ асос ёфта, ҷиҳати таъминоти моддии қабулкунандаи алимент баста мешавад.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 1, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Русский
ISSN
3079-1758
Издатель
Таджикский педагогический институт в Раштском районе